Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба президенти ин кишвар Илҳом Алиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоро, ки тайи солҳои охир ба таври назаррас вусъат ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунанд.

«Мо азм дорем, ки бо Озарбойҷон минбаъд ҳам зич ҳамкорӣ намуда, ин саъю кӯшишро бо мазмуни нави ҷавобгӯи тақозои замони ҳозира ғанӣ гардонем ва аминам, ки сафари пешорӯи расмии Шумо ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷонибаи мо қувваи нав мебахшад. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ҳамаи кори имконпазирро анҷом медиҳад», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

spot_imgspot_img

Популярное