Анонс
– Дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарии сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;
– Рӯзҳои 29-30-юми май дар Душанбе таҳти унвони «Вазъ ва мушкилоти бахши истеҳсоли гандум дар шароити тағйирёбии иқлим» конфронси илмӣ-амалии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Созмондиҳандаи конфронс намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон мебошад;
– Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Садриддин Айнӣ соати 18-00 маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон доир мегардад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9
004
сомонӣ;
1
евро –
6.9353
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.144
4
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1933 —
Бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.
1943
– Шӯрои комиссарон ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташкили «Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон» барои намоиш дар қисмҳои ҳарбии Ариши Шӯравии амалкунанда қарор қабул кард.
1992
– Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон.
2003
— Дар Душанбе миёни САҲА ва ТҒД «Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо» созишнома ба имзо расид.
1912-1975
– Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Мухтор Ашрафӣ, ректори Консерваторияи давлатии Тошканд.
1936-1985
– Мавлуди овозхон Барот Яхшӣ.
1939
– Зодрӯзи актёри театр Амирҳайдар Давлатов.
1940
– Мавлуди нависанда Маҳкам Пӯлодов.
1957
– Зодрӯзи адабиётшинос Абдувалӣ Давронов.
1972
– Мавлуди коргардони кино Умедшоҳ Мирзоширинов.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан чангу ғубор мефарояд..
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.



