Имзои 7 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Баҳрайн

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳи Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, миёни кишварҳо 7 санади ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи […]



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳи Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, миёни кишварҳо 7 санади ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб оғоз ёфта, доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Мамлакати Баҳрайн, ҳамчунин дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа баррасӣ шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди расмӣ санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд: Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ; Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ; Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар; 

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя; Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Ҳамчунин Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Баҳрайн эълон гардид, ки дар он самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду кишвар дарҷ гардидааст.

Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид. Ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.