— Дар ҳама гуна минтақаи ҷаҳон, ки он ҷо намояндагони Созмони Аҳдномаи Аталантикаи Шимлӣ (НАТО) ҳузур пайдо мекунанд, дар он минтақа ҳатман даргирие рух дода, ба хунрезиву ашки мардуми бегуноҳ боис мегардад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз тобистони соли 1991 дар Прага аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ, Булғористон, Маҷористон, Руминия ва Чехословакия ба имзо расидани протоколи қатъи фаъолияти иттиҳоди низомӣ-сиёсии кишварҳои Аврупои Шарқӣ – Шартномаи Варшава, НАТО мебоист пароканда карда мешуд.
«Ҳаракатҳои ҷаҳонии коммунистӣ аз аввал ва имрӯз ҳам бар ин назаранд, ки НАТО иттиҳоди низомии таҷовузкор буда, ҳадафи аслиаш таъмини ҳукмронии ИМА дар саросари дунё аст ва ин итттиход бояд таъҷилан барҳам дода шавад», – гуфт сиёсатмадор.
Шабдолов таъкид кард, ки замони пошхӯрии иттиҳоди Шартномаи Варшава тобистони соли 1991, раҳбарияти НАТО ва ИМА ба президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв итминон дода буданд, ки манфиатҳои НАТО аз Берлин дуртарро фаро нахоҳанд гирифт, вале он замон бисёриҳо дарк накарданд, ки онҳо дуруғ мегӯянд.
«Солҳои минбаъда НАТО қариб тамоми кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Прибалтикаро ба сафҳои худ шомил карда, акнун ба давлатҳои қаламрави пасошӯравӣ – Гурҷистон ва Украина дастдарозӣ мекунад», – иброз дошт Шабдолов.
Раиси ҲКТ зикр кард, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки ҷаҳон муваққатан таҳти раҳбарии ИМА якқутба шуд, ҳеҷ касе ба он хунрезиҳои НАТО дар Ироқу Югославия ва як қатор кишварҳои дигар, ки бидуни иҷозати СММ гузаронида мешуд, ҷиддӣ муқовимат карда наметавонист.
«Аммо имрӯз ҷаҳон бисёрқутба шудааст ва тавофуқоти ҳосилшуда нимаи моҳи май дар Шанхай миёни сарони кишварҳои Русияву Чин гувоҳи ин гуфтаҳост», – афзуд Шабдолов.



