Рӯзи 29-уми майи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд ба шаҳри Алҷазираи Алҷазоир сафар намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сафар суханронии ӯ дар рафти конфронси болозикр ва вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони узви Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд дар назар аст.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 120 кишвар узви он буда, 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ин ҷунбиш мақоми нозирро доранд.



