Санҷиши махсус барои довталабони кор дар мақомоти давлатӣ

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон пешниҳоди президент дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вакили палатаи поёнии парлумон Шакарбек Самадов изҳор кард, ки тағйироту иловаи пешниҳодшуда, пеш аз ҳама ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ нигаронида […]



Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон пешниҳоди президент дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вакили палатаи поёнии парлумон Шакарбек Самадов изҳор кард, ки тағйироту иловаи пешниҳодшуда, пеш аз ҳама ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ нигаронида шудаанд.

Ба гуфтаи вакил, аксари созмонҳои байнулмилалие, ки дар бахши пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва азхудкунии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада машғуланд, ба кишварҳои минтақа тавсия медиҳанд, ки чунин тағйироту илова қабул карда шавад.

«Мутобиқи тағйироту илова, то қабул ба кор довталабон барои ишғоли мансабҳои давлатӣ аз санҷиши махсус мегузаранд, ки тартиби онро ҳукумат муайян мекунад. Ғайр аз ин, эъломияҳо дар бораи даромади солонаи хизматчиёни давлатӣ низ мавриди санҷиши махсус қарор дода шуда, дар сурати ошкор гардидани маълумоти бардурӯғ дар он, хизматчии давлатӣ аз мансаб сабукдӯш карда мешавад», – таъкид дошт Самадов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.