Вазъи солимии захмиёни рӯйдодҳои Хоруғ рӯ ба беҳбудӣ меорад

Вазъи солимии захмиёне, ки дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи рӯзи 21-уми май дар Хоруғ миёни сокинони маҳаллӣ ва мақомоти интизомӣ ҷароҳат бардошта буданд, рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи вилоятии ВМКБ хабар доданд, айни замон дар ин ҷо се нафар сокинони захмишудаи Хоруғ бистарӣ буда, боз се нафари дигари ҷароҳатбардошта рухсатӣ ва хориҷ […]



Вазъи солимии захмиёне, ки дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи рӯзи 21-уми май дар Хоруғ миёни сокинони маҳаллӣ ва мақомоти интизомӣ ҷароҳат бардошта буданд, рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз беморхонаи вилоятии ВМКБ хабар доданд, айни замон дар ин ҷо се нафар сокинони захмишудаи Хоруғ бистарӣ буда, боз се нафари дигари ҷароҳатбардошта рухсатӣ ва хориҷ аз бемористон муолиҷаи амбулаторӣ мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ дар маҷмӯъ 11 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, ки 9 тан аз онҳо шаҳрвандони мулкианд. «Рӯзи аввал се нафар – як корманди милисаву ду тан аз сокинони маҳаллӣ аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуда, баъдтар боз ду нафар аз аҳолии маҳаллӣ фавтиданд», – гуфтанд дар беморхона.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд. Шаби ҷумъа ба шанбе (23-24-уми май) зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

як изҳороте қабул намуда

, дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард. Дар ин гуфтушунидҳо бо намояндагони ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро  Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ба сифати нозирон ба ин рӯйхат раиси шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, раиси шӯрои маҳаллаи «Хлебзавод» Толиб Айёмбеков, раиси шӯрои маҳаллаи УПД Зоир Раҷабов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёғибек Ёғибеков, сардори Раёсати нерӯҳои мразбонии Бадахшон Холбаш Холбашев, раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Номус ва инсоф» Улфат Мамадшоева шомил гардидаанд.

Айни замон ҷараёни гуфтушунид миёни ҳукуматдорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.