Суханронии Раҳмон дар Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар робита ба масъалаи беҳбуди муҳити сармоягузорӣ […]



Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар робита ба масъалаи беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи бима (суғурта) Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳиссаи бима нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта ҳамагӣ 0,3%-ро ташкил дод, ки ба харҷи маблағҳои зиёд аз буҷети давлатӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон боис гардид.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, сабаби аслии рушди нокофии бахши бима дар кишвар мавҷуд набудани рақобат дар ин соҳа аст.

Президент зикр кард, ки ба аввали соли 2014 дар Тоҷикистон 16 ширкати суғурта фаъолият доштанд, ки 2-тоаш давлатӣ ва 14-тоаш хусусӣ аст ва дар ҳамин ҳол, ба ҳиссаи ширкатҳои давлатии суғурта 97%-и қарордодҳои бима рост меояд.

Сарвари давлат ба Вазоратҳои рушди иқтисод ва ва савдо ва молия дастур дод, ки масъалаи суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусии бимаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.