Аудиторонро ба маълумот додан оид ба муомилоти шубҳанок уҳдадор карданд

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби президент ба қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро якдилона ва бидуни баррасӣ ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшеди Юсуфиён изҳор кард, ки тағийроти пешниҳодшуда бо назардошти тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯӣ ё […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби президент ба қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро якдилона ва бидуни баррасӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшеди Юсуфиён изҳор кард, ки тағийроти пешниҳодшуда бо назардошти тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯӣ ё FATF (Financial Action Task Force on Money Laundering) таҳия шудаанд.

«Мутобиқи тағйирот, аудиторон ба додани маълумот дар бораи муомилоти шубҳаноки дар ҷараёни санҷиши ҳама гуна корхона ё ташкилот, сарфи назар аз шакли моликияташон ошкоршуда ба мақомоти машғул бо мубориза зидди амалҳои пулшӯйӣ, ки аз роҳи ҷиняткорӣ ба даст овардаанд, уҳдадор мебошанд», – иброз дошт зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Сафаралӣ Гулов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.