Хатти нави технологии «Силкоат бойя» дар МОИ «Суғд»

Дар  корхонаҳои  Минтақаи  озоди  иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» технологияҳои нави  истеҳсолӣ мавриди  истифода қарор  мегиранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба  маъмурияти  МОИ,  дар  корхонаи  муштараки  «Силкоат бойя» – и  Тоҷикистону  Туркия, ки  ҷузви Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  ба  шумор  рафта,  ба  истеҳсоли  локу  ранг  ва пардоздиҳӣ машғул  аст,  хатти  нави […]

ASIA-Plus



Дар  корхонаҳои  Минтақаи  озоди  иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» технологияҳои нави  истеҳсолӣ мавриди  истифода қарор  мегиранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба  маъмурияти  МОИ,  дар  корхонаи  муштараки  «Силкоат бойя» – и  Тоҷикистону  Туркия, ки  ҷузви Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  ба  шумор  рафта,  ба  истеҳсоли  локу  ранг  ва пардоздиҳӣ машғул  аст,  хатти  нави технологӣ  ба  кор  дароварда  шуда, ин  имкон  медиҳад,  ки  навъи маҳсулот ва ҳаҷми  тавлидот  зиёд  карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, баъди  мавриди  истифода қарор  гирифтани  технологияи  нав  иқтисоди  лоиҳавии  корхона  ба  4  ҳазор тонна  мерасад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти  корхонаи  мазкур   ният  дорад, ки   барои  содироти  маҳсулоташ  ба  Федератсияи  Русия  ва  Ҷумҳурии мардумии Чин   шартномаҳои  муштаракро  ба  имзо расонад.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти  корхонаи  муштараки  «Силкоат бойя» на  фақат  дар  бозори  дохилии  Тоҷикистон,  балки  дар  бозорҳои  кишварҳои  ҳамсоя,  аз  қабили  Афғонистон,  Қирғизистон  ва  Қазоқистон  низ  харидори  зиёд  дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.