Дар Тоҷикистон иштирок дар гирдиҳамойиҳо бо ниқобро манъ мекунанд

Як гурӯҳ аз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ ««Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро таҳия намуданд. Муовини раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният Саттор Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштироки шаҳрвандон дар гирдиҳамойиву раҳпаймоиҳо дар мавриди изҳори талаб […]

Аваз Юлдошев



Як гурӯҳ аз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироту илова ба Қонуни ҶТ ««Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро таҳия намуданд.

Муовини раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният Саттор Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштироки шаҳрвандон дар гирдиҳамойиву раҳпаймоиҳо дар мавриди изҳори талаб ё дастгирии касеву чизе бо ниқоб ғайримантиқӣ аст.

«Сарқонун ба шаҳрвандон барои ошкору кушода баргузор кардани гирдиҳамойиву раҳпаймоӣ ҳуқуқ медиҳад ва аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур нест, ки симояшонро пинҳон кунанд. Дар тағйирот пешбинӣ мегардад, ки минбаъд барои иштирок дар гирдиҳамойӣ ва раҳпаймоӣ бо ниқоб шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд», – гуфт ӯ.

Вакил шарҳ дод, ки мутобиқи тағийроту иловаи дигар ба қонуни мазкур, шахсоне, ки ба намоишу раҳпаймоӣ ба истилоҳ «коктейлҳои Молотов» (омехтаи сӯзанда аз маводи зудоташгиранда)-ро ҳамроҳ бо худ мегиранду, агар онро истифода набаранд ҳам, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мегарданд.

«Мувофиқи тағйирот, шахсони ғайриқонунӣ истифодабарандаи «коктейлҳои Молотов» дар макони маҷлисҳову гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ва ҷойи издиҳоми мардум, ба шахсоне баробар карда мешаванд, ки ғайриқонунӣ аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд», – таъкид дошт вакил.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни зикршуда айни замон дар вазорату идораҳои дахлдори ҳукумат мавриди омӯзиш қарор дорад ва эҳтимол меравад, ки он тирамоҳи соли равон дар парлумон баррасӣ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.