Санҷиши махсус барои довталабони кор дар мақомоти давлатӣ



Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон пешниҳоди президент дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вакили палатаи поёнии парлумон Шакарбек Самадов изҳор кард, ки тағйироту иловаи пешниҳодшуда, пеш аз ҳама ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ нигаронида шудаанд.

Ба гуфтаи вакил, аксари созмонҳои байнулмилалие, ки дар бахши пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва азхудкунии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада машғуланд, ба кишварҳои минтақа тавсия медиҳанд, ки чунин тағйироту илова қабул карда шавад.

«Мутобиқи тағйироту илова, то қабул ба кор довталабон барои ишғоли мансабҳои давлатӣ аз санҷиши махсус мегузаранд, ки тартиби онро ҳукумат муайян мекунад. Ғайр аз ин, эъломияҳо дар бораи даромади солонаи хизматчиёни давлатӣ низ мавриди санҷиши махсус қарор дода шуда, дар сурати ошкор гардидани маълумоти бардурӯғ дар он, хизматчии давлатӣ аз мансаб сабукдӯш карда мешавад», – таъкид дошт Самадов.

spot_imgspot_img

Популярное