Боришоти шадиде, ки рӯзи 30-юми май аксаран дар ноҳияҳои тобеи марказ сурат гирифт, ба зербино ва хоҷагии манотиқи ҷумҳурӣ чандон осеб нарасониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
«Дар минтақаи наздики шаҳри Норак, ки боришоти шадид ба болоравии сатҳи об дар дарёи Вахш боис гардиду хатари селфароӣ вуҷуд дошт, хушбахтона, офат бидуни зарар паси сар шуд. Сатҳи об дар дигар дарёҳои ноҳияҳои тобеи марказ низ боло рафт, вале на то сатҳи хавфнок. Аз ситодҳои воқеъ дар саросари ҷумҳурӣ дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ маълумот нарасид», – иттилоъ доданд дар КҲФ ва МГ.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз обуҳавои ноустувор, тамоми фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, бинобар сабаби обуҳавои номусоид дар фурудгоҳҳои нуқтаи таъинот, парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ ба таъхир гузошта шуд.
Бино ба маълумоти Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои тағийирёбанда дар назар буда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд ва раъду барқу боришоти жола низ аз эҳтимол дур нест.



