КҲФ: Боронҳои шадид бидуни харобиву талафоти ҷонӣ паси сар шуданд

Боришоти шадиде, ки рӯзи 30-юми май аксаран дар ноҳияҳои тобеи марказ сурат гирифт, ба зербино ва хоҷагии манотиқи ҷумҳурӣ чандон осеб нарасониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. «Дар минтақаи наздики шаҳри Норак, ки боришоти шадид ба болоравии сатҳи об дар […]



Боришоти шадиде, ки рӯзи 30-юми май аксаран дар ноҳияҳои тобеи марказ сурат гирифт, ба зербино ва хоҷагии манотиқи ҷумҳурӣ чандон осеб нарасониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

«Дар минтақаи наздики шаҳри Норак, ки боришоти шадид ба болоравии сатҳи об дар дарёи Вахш боис гардиду хатари селфароӣ вуҷуд дошт, хушбахтона, офат бидуни зарар паси сар шуд. Сатҳи об дар дигар дарёҳои ноҳияҳои тобеи марказ низ боло рафт, вале на то сатҳи хавфнок. Аз ситодҳои воқеъ дар саросари ҷумҳурӣ дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ маълумот нарасид», – иттилоъ доданд дар КҲФ ва МГ.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз обуҳавои ноустувор, тамоми фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, бинобар сабаби обуҳавои номусоид дар фурудгоҳҳои нуқтаи таъинот, парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ ба таъхир гузошта шуд.

Бино ба маълумоти Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои тағийирёбанда дар назар буда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд ва раъду барқу боришоти жола низ аз эҳтимол дур нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.