Ҳукумат барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳоро тасдиқ намуд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд. Барномаи давлатии дарёфт ва […]



Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлиси Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд.

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020, Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» пешниҳод карда шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ қабул шуд, ки мутобиқи он вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд ба ташкил ва рушди ин кори пурманфиат мусоидат намоянд.

Дар фароварди маҷлис ба масъулини дахлдор доир ба татбиқи самарабахши натиҷаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Беларус ва ба Мамлакати Баҳрайн супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дастуру супоришҳо доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бунёди навбати дуюми Маркази барқугармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ва то ба 400 мегаватт расондани иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар он, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, Комбинати металлургии Зарнисор дар шаҳри Истиқлол, Корхонаи коркарди миси ширкати муштараки Зарафшон дар шаҳри Панҷакент, Корхонаи истеҳсоли трактор ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони беларусӣ ва оид ба амалисозии бисёр тавофуқоти дигари дар ин се кишвар ҳосилшуда дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.