Оид ба эътидол овардани вазъ дар Бадахшон қисман тавофуқ ҳосил шуд

– Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба қарордод миёни ҳукумати ҶТ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бобати ба эътидол овардани вазъ дар Бадахон протокол ба имзо расид, – иттилоъ дод хабарнигори «Азия-Плюс» аз маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ. Намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ Алим Шерзамонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маросими имзои […]

ASIA-Plus



– Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба қарордод миёни ҳукумати ҶТ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бобати ба эътидол овардани вазъ дар Бадахон протокол ба имзо расид, – иттилоъ дод хабарнигори «Азия-Плюс» аз маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ.

Намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ Алим Шерзамонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маросими имзои протокол соати 8:30 субҳ дар бинои комиссариати ҳарбии вилдоят доир гардида, айни замон дар маҷлисгоҳи ҳукумати ВМКБ вохӯрии гурӯҳи намояндагони ҳукумат бо фаъолони вилоят ҷараён дорад.

«Аз 9 банди дар қарордод зикршуда оид ба 8 банд тавофуқ ҳосил шуда, ягона банде, ки аз рӯи он ҷонибҳо ба созиш омада натавонистанд, банди 4 дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардани иштирокчиёни бетартибиҳо аст, ки кушода боқӣ монд ва он зимни машваратҳои минбаъда ҳаллу фасл хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.

Шерзамонов таъкид намуд, ки аз рӯи банди сеюм дар бораи аз мансаб барканор кардани роҳбарони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин масъала бояд дар сатҳи президент ҳал шавад, зеро ба салоҳияти ӯ дохил аст. «Ҷонибҳо қарори президент аз рӯи ин масъаларо интизор хоҳанд шуд», – гуфт номбурда.

Протокол ба созишномаро аз ҷониби ҳукумат Шералӣ Хайруллоев, раиси ҳайати ҳукумат, Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилӣ, Суҳроб Саноев, муовини раиси КДАМ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов, раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев, генерал Холбаш Хобашев ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ба имзо расониданд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл дар Хоруғ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба ҳайати комиссияи муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ шомиланд, бо намояндагони ҳукумат оид ба ифшо накардани ҷараёни тафтиши ҳодисаҳои Хоруғ

тавофуқ ҳосил карданд.

Ёдрас мекунем, ки ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро  Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ба сифати нозирон ба ин рӯйхат раиси шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, раиси шӯрои маҳаллаи «Хлебзавод» Толиб Айёмбеков, раиси шӯрои маҳаллаи УПД Зоир Раҷабов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёғибек Ёғибеков, сардори Раёсати нерӯҳои марзбонии Бадахшон Холбаш Холбашев, раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Номус ва инсоф» Улфат Мамадшоева шомил гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.