Агентии зиддифасод оғози парвандаи нави ҷиноӣ нисбати Зайд Саидовро рад мекунад

– Нисбати соҳибкор Зайд Саидов, ки аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, парвандаи нав боз нашудааст, – изҳор доштанд ба «Азия-Плюс» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон. Дар Агентӣ зикр карданд, ки ҳанӯз тобистон то маҳкум шудани Зайд Саидов ба ӯ мутобиқи якчанд моддахои КҶ ҶТ, аз […]

ASIA-Plus



– Нисбати соҳибкор Зайд Саидов, ки аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, парвандаи нав боз нашудааст, – изҳор доштанд ба «Азия-Плюс» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки ҳанӯз тобистон то маҳкум шудани Зайд Саидов ба ӯ мутобиқи якчанд моддахои КҶ ҶТ, аз ҷумла 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), ки имрӯз Шуҳрат Қудратов оид ба онҳо ҳарф мезанад, айбнома пешниҳод гардида, ба парвандаи ҷиноӣ оид ба қаллобӣ илова шуда буданд.

«Аммо баъдтар суд айбномаҳои тибқи ин моддаҳо пешниҳодшударо бинобар сабаби камбуди далел ба тафтиши дубора фиристод. Аз ин рӯ, нисбати Зайд Саидов парвандаи нави ҷиноӣ боз нашудааст. Ҳамчунин мебояд гуфт, ки Агентӣ дар айбномаҳо нисбати Зайд Саидов ҳеҷ гоҳ мафҳуми «роҳбари ғайрирасмӣ»-ро истифода накардааст, зеро ин мафҳум натанҳо дар Кодекси ҷиноӣ, балки дар маҷмӯъ дар қонунгузории Тоҷикистон вуҷуд надорад», – гуфтанд дар Агентӣ.

Қаблан адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов

изҳор намуда буд,

ки парвандаи ҷиноии нав нисбати зерҳимояи ӯ ҳанӯз 16-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, вале ба ҷониби ҳимоя дар ин бора рӯзи 28-уми май хабар додаанд.

«Мутобиқи парвандаи нав, Зайд Саидов ҳамчун «роҳбари ғайрирасмӣ»-и ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» муаррифӣ шуда, ба азхудкунии воситаҳои буҷети барои сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» пешбинишуда айбдор карда мешавад», – гуфт дар суҳбат ба «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.