Боздиди раиси вилояти Суғд аз ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  бо мақсади шиносоӣ  аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар деҳаи Саидкӯрғони ноҳия ба фаъолияти  корхонаи дӯзандагии «Муҳайё & СО» оғоз бахшида шуд. Коргоҳи мазкур дар […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  бо мақсади шиносоӣ  аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар деҳаи Саидкӯрғони ноҳия ба фаъолияти  корхонаи дӯзандагии «Муҳайё & СО» оғоз бахшида шуд. Коргоҳи мазкур дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов қомат афрохтааст. Барои  бунёд намудани ин иншоот 1 милиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

Дар толори коргоҳи навтаъсис намоиши дастранҷи ҳунармандони ноҳия, аз қабили сӯзанидузӣ, кашидадӯзӣ, сару либоси миллӣ, асбобҳои мусиқӣ баргузор гардид. Роҳбари вилоят ба  асбобҳои мусиқии пешкаш гардида, ки маҳсули меҳнати устоҳои ҳамин ноҳия мебошад, мароқ зоҳир намуда,  дастур дод, ки ин асбобҳо бояд мавриди истифодаи аҳли санъати вилоят қарор гиранд.

Дар сехи дӯзандагии коргоҳ зиёда аз 100 нафар бонувон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Чӣ тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори солонаи корхона ба истеҳсоли 50 ҳазор дона сару либоси мактабӣ ва  30 ҳазор либоси миллӣ баробар аст. Дар коргоҳ асосан занону духтарони ҳамин деҳа ба кори доимӣ ҷалб гардида, ҳаҷми миёнаи маоши онҳо 500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи дуввуми бино сехи қолинбофӣ амал менамояд, ки дар он 40 нафар занон ба омӯзиш ва кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Барои ин 5 дастгоҳи қолинбофӣ ва 4 дастгоҳи омузишӣ насб карда шудааст. Раиси вилоят зимни шиносоӣ зикр дошт, ки ба касбомузӣ бояд шумораи бештари бонувон ҷалб карда шаванд то онҳо тавонанд барои пешбурди зиндагии худ муваффақ шаванд.

Дар саҳни коргоҳ Абдураҳмон Қодирӣ бо анбӯҳи зиёди сокинони деҳа мулоқот ороста, онҳоро ба ободониву бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин роҳбари вилоят ҳозиринро ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва соҳибкасб намудани шумораи бештари занону духтарон ҷалб сохт. Зеро бо баробари соҳибҳунар гаштан, духтарон метавонанд дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ ба қуллаҳои баланди касбӣ расанд ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳ намоянд.

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилоят анҷоми корҳои таъмир ва навсозии мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мактаб солҳои 90-уми қарни гузашта ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бинои мазкур бо 113 ҳазор доллар маблағгузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гаштааст. Тавре аён гардид, корҳои сохтмонӣ бо сифати хуб анҷом ёфтаанд. Бо иштироки Раиси вилоят мактаб пас аз таъмир дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаби мазкур бо зиёда аз 400 адад мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, 10 адад компютер  ва дигар ашёву лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳангоми боздид аз синфхонаҳо Раиси вилоят ба донишандӯзии толибилмон мароқ зоҳир намуда, аз сатҳи пасти забондонии онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Роҳбари вилоят толибилмонро ба забономӯзӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ҳидоят намуд. Зеро донистани забони давлатӣ барои таҳсили минбаъда онҳо дар донишгоҳҳо ва кору фаъолият бисёр муҳим аст.

Зимни ҳунарнамоии толибилмони мактаб иттилоъ дода шуд, ки хонандагон дар маҳфили мусиқавии маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ба омӯзиши санъати миллӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин Раиси вилот бо маҳфили рӯзгордорӣ ва ҳунаромӯзии дабистон шинос шуд. Зикр гардид, ки зимни баргузории чунин маҳфилҳо асосан ба духтарони синфҳои болоӣ нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ ва пухтупаз, омода намудани хуриш ва таомҳои миллӣ омӯзонида мешавад. Ҳамчунин Раиси вилоят эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ба омӯзиш фаро гирифтани шумораи бештари духтаронро муҳим арзёбӣ дошта, таъкид намуд, ки касбомӯзӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва сӯзандӯзӣ  имконият медиҳад, минбаъд бонувон бо ин роҳ зиндагии худро пеш баранд. Дар идома ба 12 нафар хонандагони ноҳия, ки дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, диплом супорида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.