Суғд: Ҳалокати ду нафар бар асари садамаи нақлиёт



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Палос – Сомғар, дар қаламрави ҷамоати Д.Холматов ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Равшан Кенҷаев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба паҳлӯи чапи роҳ чаппа шудааст.

«Дар натиҷа ронанда ва мусофири автомашинаи ӯ – сокини 36-солаи ноҳияи мазкур Абдурасул Исмонов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалкоат расиданд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми се моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 64 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 66 ҳодиса) рух дода, бар асари он 26 нафар ҳалок (соли 2013 – 14 нафар) ва 69 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд. Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 18 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 14 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 6 нафар ҳалок (соли 2013 – 5 нафар) ва 13 нафар кӯдакон (соли 2013 – 11 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

spot_imgspot_img

Популярное