Суғд: Ҳалокати ду нафар бар асари садамаи нақлиёт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Палос – Сомғар, дар қаламрави ҷамоати Д.Холматов ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Равшан Кенҷаев аз уҳдаи […]



Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Палос – Сомғар, дар қаламрави ҷамоати Д.Холматов ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс» сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Равшан Кенҷаев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба паҳлӯи чапи роҳ чаппа шудааст.

«Дар натиҷа ронанда ва мусофири автомашинаи ӯ – сокини 36-солаи ноҳияи мазкур Абдурасул Исмонов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалкоат расиданд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми се моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 64 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 66 ҳодиса) рух дода, бар асари он 26 нафар ҳалок (соли 2013 – 14 нафар) ва 69 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд. Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 18 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 14 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 6 нафар ҳалок (соли 2013 – 5 нафар) ва 13 нафар кӯдакон (соли 2013 – 11 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.