Суғд: Оғози 127 парванда нисбати хориҷиён барои қонуншикании маъмурӣ



Дар зарфи 5 моҳи соли равон дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 127 парванда оид ба қонуншикании маъмурӣ боз гардидааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти панҷмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълум гардидааст ки дар ин давра дар 35 корхонаи муштарак ва ширкат аз ҷонибӣ гурӯҳҳои санҷишии Раёсат санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуда, дар рафти онҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, аз 12 май то охири моҳ дар қаламрави вилояти Суғд низ марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал – 2014» давом дорад. Аз ҷумлаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии зикргардида 19-тоаш дар доираи ҳамин амалиёт оғоз карда шудааст.

Зимнан зикрн мегардад, ки дар маҷмӯъ сармутахассисони дастгоҳи Раёсат ва гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ аз аввали сол то санаи 29 май 127 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор намуда, парванда оғоз кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное