Суғд: Оғози 127 парванда нисбати хориҷиён барои қонуншикании маъмурӣ

Дар зарфи 5 моҳи соли равон дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 127 парванда оид ба қонуншикании маъмурӣ боз гардидааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти панҷмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълум гардидааст ки дар ин давра дар 35 корхонаи […]



Дар зарфи 5 моҳи соли равон дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 127 парванда оид ба қонуншикании маъмурӣ боз гардидааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти панҷмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълум гардидааст ки дар ин давра дар 35 корхонаи муштарак ва ширкат аз ҷонибӣ гурӯҳҳои санҷишии Раёсат санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуда, дар рафти онҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, аз 12 май то охири моҳ дар қаламрави вилояти Суғд низ марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал – 2014» давом дорад. Аз ҷумлаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии зикргардида 19-тоаш дар доираи ҳамин амалиёт оғоз карда шудааст.

Зимнан зикрн мегардад, ки дар маҷмӯъ сармутахассисони дастгоҳи Раёсат ва гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ аз аввали сол то санаи 29 май 127 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор намуда, парванда оғоз кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.