Таҷлили ҷашни 15-умин солгарди таъсисёбии АНМН

Рӯзи 31-уми май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров, муовинони Директор, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуданд. Кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд. […]

ASIA-Plus



Рӯзи 31-уми май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров, муовинони Директор, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуданд. Кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ афсарон дар назди роҳбарияти Агентӣ бо қадами сафӣ гузаштанд.

Ба иттилои манбаъ, сипас дар толори Агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон: намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Жан Люк Лемахю, муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини Раиси Хадамоти Давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон Анарбаев Ғ., и.в. Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ Сарияздӣ, Роҳбари шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ШМА дар Тоҷикистон ҷаноби Марк Вуд, намояндани расмии Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар ҶТ Килясханов М.Х. иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ба ҳозирин табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15-солагии таъсисёбӣ қироат карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин меҳмонон роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд. Пас ба кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.