Ҷоми Каспий-2014: Дар даври ниманиҳоӣ Тоҷикистон бо Туркия бозӣ мекунад

Дар мусобиқаи IV-уми байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ин мусобиқаи анъанавӣ барои чорумин бор дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб ҷараён дорад. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар гурӯҳи «С» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб карданд, дар нимфинал рӯзи […]



Дар мусобиқаи IV-уми байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ин мусобиқаи анъанавӣ барои чорумин бор дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб ҷараён дорад. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар гурӯҳи «С» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб карданд, дар нимфинал рӯзи 3-юми июн бо мунтахаби Туркия рақобат мекунанд.

Футболбозони навраси Туркия, ки бар дастаҳои Қазоқистон (3-1) ва Узбакистон (2-0) пирӯз шуданд, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «D»ҷойи аввалро гирифтанд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи сешанбе мунтахаби Озарбойҷон-1,ғолиби гурӯҳи «А», бо тими Эрон, ғолиби гурӯҳи «В», бозӣ мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 29-уми май бо дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1-1 анҷом дода, дар даври дувуми сабқати гурӯҳи «С» рӯзи 30-юми май бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Бозии дастаи Ҷопон бо тими мунтахаби Гурҷистон мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.