Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Истаравшан сокини ноҳия Мирбақозода Абдуғаффори 23-сола, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, муроҷиат намудааст, ки нимарӯзи 31-уми май ҳангоми дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро боздошт намуда, ба рӯяш хокаи қаламфурро пошидааанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сипас ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи ошкоро автомашинаашро аз ҷойи ҳодиса 800 метр дуртар ҳай карда бурдаанд ва аз ӯ маблағи пулии 100 000 доллари амрикоиашро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иззи гармогармӣ кормандони милитсия бо гумони ҷинояти ғоратгарӣ сокинони шаҳри Истаравшан – Қаҳҳор Ҷалолови 29-солаи қаблан маҳкумшуда ва Шуҳрат Абдуазимови 34-соларо дастгир намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки далели шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.



