Ҳузури беш аз 1 млн. шаҳрвандони тоҷик дар Русия

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд, 1 млн. 170 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ин шумор 996 ҳазору 429 нафарашон мардон ва 174 ҳазору 396 нафарашон занон мебошанд. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама бештар дар Русия мардони тоҷики синнусоли аз 18 […]



Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд, 1 млн. 170 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ин шумор 996 ҳазору 429 нафарашон мардон ва 174 ҳазору 396 нафарашон занон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳама бештар дар Русия мардони тоҷики синнусоли аз 18 то 29-сола кору зиндагӣ доранд, ки шумораи умумии онҳо ба 504 ҳазору 436 нафар баробар буда, ҳамин ҳолат миёни муҳоҷирзанони тоҷик (61 ҳазору 425 нафар) низ ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки ба санаи 4-уми майи соли 2014 шумори шаҳрвандони тоҷики муқими Русия 1 млн. 137 ҳазору 939 нафарро ташкил дода буд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Русия аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон шумори онҳо 2,5 млн. нафарро ташкил медиҳад. Феълан шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ба 545 ҳазору 492 нафар баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.