Ташрифи ёвари котиби давлатии ИМА ба ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 2-юми июни соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот миёни ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ бо ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери роҳбарии Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Ниша Бисвал баргузор […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2-юми июни соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот миёни ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ бо ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери роҳбарии Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Ниша Бисвал баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба омодагӣ ба Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА, доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои минтақавӣ ва инчунин мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки хонум Ниша Бисвал ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар иҷлосияи сеюми дуҷонибаи солона бо Тоҷикистонро, ки рӯзҳои 2-3-юми июн дар Душанбе доир мегардад, роҳбарӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.