Медали тиллои Мавзуна Чориева дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Мавзуна Чориев, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо дар Қирғизистон  медали тилло ба даст овард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.  Ба […]



Мавзуна Чориев, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо дар Қирғизистон  медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.

 Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ин мусобиқа муштзани тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки бо номи «Гулливери тоҷик» маъруф аст, дар сабқати мардон дар вазни беш аз 91 килограмм бо медали тилло сарфароз гашт.

Гуфта мешавад, ин мусобиқаи 5-уми байналмилалӣ аз 28-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Ӯш баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Мардон дар 10 вазн ва занон дар 3 вазн рақобат карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.