Боздошти корманди Раёсати андози Суғд ҳангоми порагирӣ



Корманди Раёсати андози видояти Суғд ҳангоми порагирӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассиси Раёсати андози вилояти Суғд Н.К. ваъда додааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарини фаъолияти соҳибкории шаҳрванд Х.М.-ро қатъ намуда, аз писари ӯ ба сифати пора 18,5 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст. «Кормандони Агентии зиддифасод ӯро бо далели шайъӣ дастгир карданд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави вилоят 33 далели порагирии шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное