Ба муҳоҷирон варақаҳо оид ба пешгирии бемориҳоро тақсим намуданд

Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва ширкати ҳавоии East Air бо анҷоми як иқдоми муштараки иҷтимоӣ миёни мусофирони ширкат баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз сил ва табобати онро тақсим карданд. Тавре аз Федератсияи мазкур хабар доданд, баргаҳои иттилоотӣ дар курсиҳои нишасти ҳавопаймоҳои ширкати East Air дар парвозҳои […]

ASIA-Plus



Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва ширкати ҳавоии East Air бо анҷоми як иқдоми муштараки иҷтимоӣ миёни мусофирони ширкат баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз сил ва табобати онро тақсим карданд.

Тавре аз Федератсияи мазкур хабар доданд, баргаҳои иттилоотӣ дар курсиҳои нишасти ҳавопаймоҳои ширкати East Air дар парвозҳои аз самти Қурғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия ва бозгашт гузошта шудаанд. Ин иқдом дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА сурат гирифт, ки ҳадафаш боло бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ ва тандурустӣ, ВИЧ/СПИД, амрози зуҳравӣ, ҳепатитҳои В ва С, пешгирӣ аз сил, ва машваратҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Баргаҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи сил дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии East Air аз Қурғонтеппаву Кӯлоб ба Маскав, Санкт-Петербург, Челябинск, Новосибирск, Екатеринбург, Оренбург ва бозгашт тақсим мешаванд. Лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА бо мусоидати созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» амалӣ мешавад.

Фаррух Қосимов, раҳбари барномаҳои кор бо муҳоҷирон дар Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Дониши кам аз хадамоти тиббӣ, ба мисли огоҳӣ ва ҷилавгирӣ аз ВИЧ ва сил, амрози зуҳравӣ ва ироаи ёрии аввал ба осебпазирии муҳоҷирон меафзаояд. Бисёре аз муҳоҷирон, чун дар сохтмон кор мекунанд, чандин нафар дар хонаҳои хурди сохтмончиён ва дар ҳолати ногувори беҳдоштӣ ба сар мебаранд, ки онҳоро аз нигоҳи тиббӣ осебпазиртар мегардонад. Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа мо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз масоили тандурустӣ ва беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ мекунем».

Баргаҳо дорои маълумоти асосӣ дар мавриди бемории сил, хатарҳои асосӣ ва роҳҳои ҷилагвирӣ аз гирифторӣ ба сил мебошанд. Анатолий Галунов, мудири кулли East Air, мегӯяд, дар чандин соли ахир ин нахустин таҷрибаи ҷалби як ширкати ҳавоӣ ба иқдоми мутталеъсозии қишрҳои муайяни аҳолӣ дар мавриди тандурустӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: “Бо дарки муҳиммияти огаҳӣ аз мавзӯъҳои ҳаётан муҳим, мо шодем, ки дар ин кори хайру башардӯстона саҳми худро мегузорем. Аз оғози ин иқдом дар парвозҳои худ мо ба мусофирон на танҳо маҷаллаи худ ва маводи дигари иттилоотӣ, балки боз баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи сил, табобат ва пешгирии онро низ пешниҳод дорем”.

Бо мусоидати Намояндагии Федеросюни байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) чанде пеш нахустин Маркази иттилоотӣ-омӯзишии худро барои муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, боз кард. Маркази мазкур бо маблағгузории созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» фаъолият мекунад. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ва ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯъи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия, ва машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд, ва ҳамчунин, ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд. Дар давоми солҳои 2009-2013 бештар аз 20 000 муҳоҷири корӣ ва аъзои хонадони онҳо аз ёриҳои ин марказҳо баҳра гирифтаанд.

Баргаҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи сил барои муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа бо мусоидати созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии “Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда” нашр ва тақсим мешаванд.

Ширкати ҳавоии East Air аз соли 2007 бад ин сӯ дар бозори Тоҷикистон фаъол аст. Дар ҳоли ҳозир, ин ширкат аз Кӯлоб ва Қурғонтеппа ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Оренбург ва Челябинск парвоз мекунад. Ширкат дорои ҳавойпамоҳои истеҳсоли ғарбии Boeing 737 ва Airbus A320 мебошад.


Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ҳар сол тавассути 188 узви худ дар саросари ҷаҳон ба ёрии 150 миллион нафар мерасанд. Муштаракан бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсия қабл аз, ҳангоми ва пас аз офатҳои табииву беҳдоштӣ ба ёрӣ мешитобад, ниёзҳои мӯҳтоҷонро бароварда месозад ва дар коҳиши осебпазирии мардум нақш мебозад. ФБҶ СС ва ҲА намояндагии пайвастаи худро дар Тоҷикистон дар соли 1994 ташкил дод, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонад. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, сар аз соли 1927 ба мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.