Ба Кабирӣ бо помидору тухм ҳамла карданд



Имрӯз, 10 июн, баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ ҳамла сурат гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода гуфтааст, баъди анҷоми вохӯрӣ, зимни баромадани таҷаммӯи мардуми ба вохӯриомада аз манзили Мушаммадшарифи Набӣ болои эшон ҳамла сурат гирифта, ба сӯйи эшон тухми мурғу помидор ҳаво додаанд. Ба гуфтаи ӯ, масъулини ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ҳузури масъулини амниятиро миёни онҳое, ки ба раис ва ҳайати ҳизбӣ ҳамла кардаанд, шинохтанд.

Ҳамзамон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода иброз доштааст, ки теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимоле вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.

Ӯ зикр кардааст, ки дар саргаҳи роҳбандон мошинҳое бо арқоми давлатии 63 66, 43 44, 33 22 қарор доштанд. «Баъди ба мошин савор шудани ҳайат моро сангборон низ карданд, аммо хушбахтона, ба касе осеб нарасид», – афзудааст Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки 27 феврали соли ҷорӣ ҳам зимни доир гаштани ҷаласаи фаъолони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб ду зан назди бинои шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ғавғо бардошта, хостанд, то бо ин амалашон монеи гузаронидани нишаст шаванд, аммо натавонистанд ба ҳадаф бирасанд.

spot_imgspot_img

Популярное