Иқдоми хайрияи «Сомон Эйр» барои толибилмони мактаб-интернат

Субҳи имрӯз, 10 июн, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 25 нафар мактаббачагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисорро барои табобат дар давраи истироҳатӣ ба беморхонаи физиоперативии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд бурд. Ба гуфтаи масъулини ширкати мазкур, ин иқдоми онҳо амали хайриявӣ буда, ҳарсола ин корро анҷом медиҳанд. Гуфта мешавад, ин […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз, 10 июн, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 25 нафар мактаббачагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисорро барои табобат дар давраи истироҳатӣ ба беморхонаи физиоперативии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд бурд.

Ба гуфтаи масъулини ширкати мазкур, ин иқдоми онҳо амали хайриявӣ буда, ҳарсола ин корро анҷом медиҳанд. Гуфта мешавад, ин ширкат сарпарастии мактаббачагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошта, ҳамзамон таъмиру тармими бинои мактаб-интернетро анҷом медиҳад.

Абдуғаффор Маҳмадов, намояндаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси беморони фалаҷ дар ноҳияи Ҳисор мегӯяд, тақрибан 7 сол инҷониб ширкат сарпарастии мактаб-интернатро ба уҳда дошта, ҳамасола кумакҳо мерасонад:

«Дар доираи ҳамин кумакҳо, имрӯз, 10 июн, ширкати «Сомон Эйр» 25 нафар хонандагони мактаб-интернатро барои табобат ба шаҳри Хуҷанд бурд. Интиқоли хонандагон ройгон буда, хароҷоти рафту омадро худи ширкат ба уҳда гирифтааст»,-мегӯяд номбурда.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ширкати «Сомон Эйр» аз кишварҳои дигар барои табобати тарбиятгирандагони мактаб-интернат табибонро меорад. Хароҷоти рафтуомади табибон низ ба дӯши ин ширкат вогузошта шудааст.

Ҳамакнун дар назар аст, ки 25 хонандаи аллакай ба Хуҷанд расида, давоми як моҳ он ҷо ба табобат фаро гирифта шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.