Ҳамла ба бинои сафоратхонаи Британияи Кабир дар Душанбе

Дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон пикети ғайриқонунӣ баргузор шуда, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт. Тавре ба «Азия-Плюс» шоҳидони воқеъа хабар доданд, ин амал аз ҷониби панҷ нафар зан сурат гирифта, онҳо ба сӯйи бинои сафоратхона сангу шиша партофтаанд. «Вақте посбонони бинои сафоратхона кӯшиш кардаанд, ки ба ин амали онҳо монеъ шаванд, чор […]

ASIA-Plus



Дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон пикети ғайриқонунӣ баргузор шуда, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» шоҳидони воқеъа хабар доданд, ин амал аз ҷониби панҷ нафар зан сурат гирифта, онҳо ба сӯйи бинои сафоратхона сангу шиша партофтаанд.

«Вақте посбонони бинои сафоратхона кӯшиш кардаанд, ки ба ин амали онҳо монеъ шаванд, чор нафар мардон ҳам ба занҳо ҳамроҳ шудаанд. Мардон посбононро лату кӯб карда, занон ба сангу шишапартойӣ ба бинои сафоратхона идома доданд», – гуфтанд шоҳидони ҳодиса.

Ба қавли шоҳидон, онҳо бахубӣ нафаҳмидаанд, ки ин нафарон чӣ талабе доштанд, вале чанд маротиба калимаи «Помир»-ро шунидаанд.

Тақрибан баъди ним соат кормандони милиса ба назди бинои сафоратхона ҳозир шуда, ҳамаи иштирокчиёни пикетро боздоштаанд.

Дар сафоратхонаи Британияи Кабир далели ҳамла ба бинои намояндагии дипломатиро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ояндаи наздик дар ин бора иттилои расмӣ омода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.