БҶ стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард



Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) имрӯз Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистонро, ки ба дастгирии кишвар аз ҷониби БҶ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) давоми солҳои 2015-2018 нигаронида шудааст, баррасӣ кард.

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, стратегия ҳадафҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни бонк ва ҳукумати Тоҷикистонро муайян намуда, дар он барномаи гурӯҳи БҶ ҷиҳати беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум дар Тоҷикистон дарҷ ёфтааст.

Зикр мегардад, ки стратегия ба амалисозии ҳадафи асосии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, маҳз коҳиши фақру нодорӣ ва пешбурди некӯаҳволии умум тариқи дастгирии аҳолӣ ба воситаи тақвияти рушди иқтисод, бухусус рушди бахши хусусӣ, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар соҳаҳои калидии иқтисод ҷиҳати ҷалби сармоя ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ равона гардидааст.

Директори минтақавии БҶ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷо зикр кардааст, ки тайи 10 соли ахир Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои рушди мусбати иқтисодӣ ноил гардида, дар самти коҳиши камбизоатӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овард.

Дар Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунанд, ки стратегияи нав дар ҳамкорӣ бо ҳукумати кишвар,  машваратҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷавонон, бахши хусусӣ, сарпарастону мададрасонон таҳия гардидаааст. Ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин дар мувофиқат бо Стратегияи миллии баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 омода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1993 ба узвияти Бонки ҷаҳонӣ ва соли 1994 ба аъзогии IFC – воҳиди кор бо бахши хусусии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Шурӯъ аз соли 1996 барои беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ ба сифати қарзу бурсҳо 955 млн. доллари ИМА ҷудо кард. Ҳудуди 34%-и ин мабалғҳо ба бахши кишоварзӣ ва рушди манотиқи деҳот равона карда шуданд.

Аз ин миқдори маблағи ҷудошуда ба соҳаи сиёсати иқтисодӣ ва давлат – 17%, энергетика – 15%, обтаъминкунӣ ва рушди шаҳрҳо – 15%, маориф – 10%, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 9%-и воситаҳо равона гардидаанд. Сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 12 лоиҳа ба маблағи умумии 199 млн. доллари ИМА иборат аст.

spot_imgspot_img

Популярное