Даъвати Д.Миятович аз Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба YouTube

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот Дуня Миятович имрӯз аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват намуд, ки дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳама гуна маълумот ва сомонаҳои интернетиро таъмин кунанд. «Ҳукумат ба таъмини дастрасии бемамониати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳама гуна маълумот масъул аст – гуфтааст Миятович. – Ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудият бояд дар асоси […]

ASIA-Plus



Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот Дуня Миятович имрӯз аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват намуд, ки дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳама гуна маълумот ва сомонаҳои интернетиро таъмин кунанд.

«Ҳукумат ба таъмини дастрасии бемамониати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳама гуна маълумот масъул аст – гуфтааст Миятович. – Ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудият бояд дар асоси қонун, мутаносиб ва ҳукми суд сурат гирад».

Ёдрас мекунем, ки аз санаи 9-уми июн чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро

қатъ намуданд.

Ҳолатҳои пешинаи қатъи дастрасӣ ба сомонаи мазкур давоми солҳои 2012 ва 2013 ба он боис гардиданд, ки дастрасӣ ба он муддати якчанд моҳ маҳдуд шуда буд.

«Возеҳ аст, ки зарурати таъҷилии таъмини шаффофияти ошкор дар ин қазия вуҷуд дорад, зеро дар бораи сабаби қатъи дастрасӣ ба сомонаи YouTube маълумоти расмӣ пешниҳод нашудааст», – иброз доштааст Миятович.

Дар маълумоти имрӯз интишоршуда зикр мегардад, ки айни замон Дуня Миятович дар Женева қарор дорад, ки дар он ҷо иҷлосияи 26-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷараён дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.