Сафири бритониёӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ мулоқот накард

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Роберт Орд Смит бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда натавонист. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов хабар дод, сафир ба Хоруғ замони сурат гирифтани ҳамла ба бинои сафоратхонаи бритониёӣ дар Душанбе расидааст. «Аз фурудгоҳ сафирро намояндагони нерӯҳои марзбонӣ […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Роберт Орд Смит бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда натавонист.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов хабар дод, сафир ба Хоруғ замони сурат гирифтани ҳамла ба бинои сафоратхонаи бритониёӣ дар Душанбе расидааст.

«Аз фурудгоҳ сафирро намояндагони нерӯҳои марзбонӣ ҳамроҳӣ карданд. Ӯро дар меҳмонхонаи «Серена», воқеъ дар соҳили дарёи Панҷ, ки соҳили дигараш қаламрави Афғонистон аст, ҷой доданд. Ба хотири таъмини амнияти сафир, ӯ бо ҳеҷ касе мулоқот накард», – иброз дошт Шерзамонов.

Ба қавли вай, сарфи назар аз ин, дипломат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин ҳокимияти маҳаллӣ мулоқот карда, муддати тамоми ин вақт кормандони хадамоти дахлдор амнияти сафирро таъмин мекардаанд.

«Вақте замони вохӯрӣ бо мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ расид, ки соат он вақт тахминан 11-и шаб шуда буд, дар қаламрави ҳамшафат тирпарронӣ оғоз гардид. Ҳарчанд дар меҳмонхона якчанд нафар хориҷиён ҳузур дошта бошанд ҳам, вале хадамоти амният танҳо сафиру ёвари ӯро ба қароргоҳи президент кӯчониданд», – зикр кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки субҳ сафир боз талаб кардааст, ки ӯро ба меҳмонхона баранд, вале чун ӯро боз ба меҳмонхона бурдаанд, ҳамон дам дар марз боз тирпарронӣ сар шудааст. «Назди марз техникаи низомӣ оварда шуд. Сафир тариқи чархбол бояд соати 11-и рӯз мерафт, вале чун обуҳаво номусоид буд, ӯро ба автомашина шинонида, ба сафар раҳсипор намуданд», – қайд кард Шерзамонов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон

пикети ғайриқонунӣ баргузор шуда

, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт. Ин амал аз ҷониби панҷ нафар зан сурат гирифта, онҳо ба сӯйи бинои сафоратхона сангу шиша партофтаанд. Вақте посбонони бинои сафоратхона кӯшиш кардаанд, ки ба ин амали онҳо монеъ шаванд, чор нафар мардон ҳам ба занҳо ҳамроҳ шудаанд. Мардон посбононро лату кӯб карда, занон ба сангу шишапартойӣ ба бинои сафоратхона идома доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.