Дар парлумон қазияи ҳамла ба Кабирӣ баррасӣ нашуд

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз раиси МНМО Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро аз ҳодисаи ҳамлаи чанде қабл ба худаш дар шаҳри Кӯлоб содиршуда пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ огоҳ кард. Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки барои баррасии ин […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз раиси МНМО Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро аз ҳодисаи ҳамлаи чанде қабл ба худаш дар шаҳри Кӯлоб содиршуда пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ огоҳ кард.

Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки барои баррасии ин ҳодиса дар ҷаласа зарурате нест ва илова кард, ки «ин масъаларо бо вазири корҳои дохилии кишвар баррасӣ мекунад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон болои раис ва ҳайати ҲНИТ 

ҳамла сурат гирифт.

Ба андешаи Кабирӣ, «дарафтодагон» хоҳони амали ҷавобии бадрафторонаи намояндагони ҲНИТ буданд, вале сарфи назар аз иғвогариҳо, аъзои ҳизб посух ба онҳоро лоиқ надонистанд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин ҳодиса чунин ибрози андеша кард, ки «дар ҷомеаи демократие, ки мо имрӯз дар он зиндагӣ дорему меъёрҳои онро риоя мекунем, чунин муносибат ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст. «Ин ҳодисаи ба ин монанди аввалину охирин нест. Ин ҳам яке аз навъҳои изҳори норозигӣ буда, гувоҳи он аст, ки аҳолии ин минтақа аз фаъолияти ин ҳизб қаноатманд нест», – зикр кард номбурда.

Шоми дирӯз ба

Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

дар бораи аз ҷониби афроди номаълум ба сӯйи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ партофта шудани помидору тухми мурғ ариза ворид гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.