Шикояти рӯзноманигор аз болои сардори раёсати маорифи Хатлон

Хабарнигори газетаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» Ашӯргул Солеҳова аз болои сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода ба раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов шикоят бурд. Ба гуфтаи Ашӯргул Солеҳова, сардори раёсати маорифи вилоят чандин маротиба ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш ӯро мавриди таҳқир қарор додааст. «Ахиран ӯ маро дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Занги камолот» дар литсейи […]

Сайраҳмон Назриев



Хабарнигори газетаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» Ашӯргул Солеҳова аз болои сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода ба раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов шикоят бурд.

Ба гуфтаи Ашӯргул Солеҳова, сардори раёсати маорифи вилоят чандин маротиба ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш ӯро мавриди таҳқир қарор додааст.

«Ахиран ӯ маро дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Занги камолот» дар литсейи «Ориёно» ва қаблан дар худи раёсат таҳқир карда гуфта буд, ки ба афту андомат нигоҳ карда пай бурдан мумкин аст, ки ту рӯзноманигорӣ, вале ман модари се фарзанд буда, оддӣ либос ба бар мекунам, зеро маошам имкон намедиҳад, ки сарулибоси гаронбаҳо бихарам», – мегӯяд Солеҳова.

Ба қавли ӯ, агар раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов чораҳои дахлдор наандешад, ба мақомоти дигар шикоят хоҳад кард.

Ашӯргул Солеҳова бо тахаллуси адабии Шабафрӯз муаллифи се маҷмӯаи ашъор – «Гули бодом», «Қисмати миллатам» ва «Пайғоми Хуросон» аст. Соли 2013 ӯ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба унвони беҳтарин ходими адабӣ сазовор дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.