Ҳисоботи телефонии чанде аз раисони ноҳияҳои Хатлон ба президенти мамлакат

Субҳи имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро доир ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкур дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ шунид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат ба раисони […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро доир ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкур дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ шунид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат ба раисони ноҳияҳои зикршуда доир ба тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи замин супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, ҳамзамон бо ин, роҳбари давлат масъалаи корҳои ободонии ноҳияҳои зикршуда, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхона ва бунгоҳҳои саломатиро таъкид намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.