Задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо қочоқбарони афғон

Шаби 9 ба 10 июн аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Панҷ”-и Саррёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ кӯшиши интиқоли миқдори калони маводи нашъаовар ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар яке […]

ASIA-Plus



Шаби 9 ба 10 июн аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Панҷ”-и Саррёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ кӯшиши интиқоли миқдори калони маводи нашъаовар ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии “Шуркул” ҳангоми интиқоли маводи нашъаовар задухӯрди мусаллаҳ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он яке аз қочоқбарон – Ғаффор валади Абдуғафури 45-сола – сокини вулусволии Имом Соҳиби вилояти Хатлон безарар гардонида шуд. Ҳаммаслаки ӯ бо номи Абдулло аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор намуд. 

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи дигар ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади шаҳрванди Афғонистон, як адад камони шикории қутраш 12 мм, як адад борхалтаи полиэтиленӣ дарёфт карда шуд, ки дар дохили он 35 баста бо ҳашиш бо вазни зиёда аз 13 кг ва 3 баста бо героин бо вазни тахминан 3 кг мавҷуд буд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.