Пешниҳоди ташкили намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Латвия дар Душанбе

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва санаоти Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия Аигарс Ростовскис масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои судманду пурсамар миёни палатаҳо, муколамаи иттилоотӣ миёни сохторҳои тиҷоратии кишварҳо баррасӣ шуданд . Шариф Саид таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, сабук, […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва санаоти Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия Аигарс Ростовскис масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои судманду пурсамар миёни палатаҳо, муколамаи иттилоотӣ миёни сохторҳои тиҷоратии кишварҳо баррасӣ шуданд

.

Шариф Саид таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, сабук, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,  сохтмон, телекоммуникатсия ва алоқа, индустрияи дорусозӣ, сайёҳӣ ва ғайра ҷалб намуд. «Дар Тоҷикистон муҳит ва имконоти мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, вазъи устувори сиёсӣ побарҷост», – гуфт ӯ.

Раиси ПСС Тоҷикистон ба Аигарс Ростовскис ташкили намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва технологияҳои нави Латвия дар Душанбе ва ҳамчунин баргузор кардани ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Латвия ва Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Дар навбати худ Аигарс Ростовскис зикр кард, ки Латвия яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо буда, ҳамкориҳои ду кишвар дорои асоси боэътимоди ҳуқуқӣ мебошанд. «Миёни кишварҳо як қатор созишномаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои савдо ва саноат, сармоягузорӣ, андозбандӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, фарҳанг, илм ва маориф ба имзо расида, миёни Тоҷикистону Латвия низоми мусоидати бештар дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва саноат амал мекунад», – иброз дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.