Афзоиши ҳамасолаи воридоти гандум ба Тоҷикистон



Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми воридоти гандумро ба миқдори 10-20 ҳазор тонна афзуда, соли 2016 ҳаҷми воридоти он метавонад то 700 ҳазор тонна дар як сол расад.

Бино ба маълумоти қарори ҳукумат «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», дар соли 2014 ҳаҷми воридоти гандум – 673,2 ҳазор тонна ва орд – 348,8 ҳазор тонна (2% бештар нисбат нишондиҳандаи соли гузашта), соли 2015 – 686,7 ҳазор тонна гандум ва 355,8 ҳазор тонна орд ва соли 2016 – 700,4 ҳазор тонна гандум ва 363 ҳазор тонна орд пешбинӣ шудааст.

Дар КВД «Ғалла» ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки афзоиши ҳаҷми воридоти гандум дар солҳои минбаъда бинобар сабаби зиёд шудани талаботи истеъмол ба ин маҳсулот дар натиҷаи зиёд шудани шумори аҳолӣ пешгӯӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 5 моҳи соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 314,5 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29% зиёдтар аст. Дар ин давра ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ 83 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 12% камтар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки арзиши 1 тонна гандуми воридотӣ то марзи Тоҷикистон ба 350 $ ва 1 тонна орд ба 430 $ баробар аст.

«Арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон каме боло рафт. Ин ба он марбут аст, ки ҳосили тирамоҳӣ ба охир мерасад, вале ояндаи наздик ҳосили нав расида, нархо поин мераванд», – зикр карданд дар КВД «Ғалла».

Қобили зикр аст, ки айни замон нархи 1 кило орди аз гандуми маҳаллӣ истеҳсолшуда аз 1,5 то 2 сомонӣ ва воридотӣ то 3 сомониро ташкил медиҳад. Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон гандуму орд ворид мекунад. Талаботи кишвар ба ин маҳсулот ҳамасола 5-10% меафзояд.

spot_imgspot_img

Популярное