ВКД: Боздошти 505 нафар ба гумони фоҳишагӣ дар 5 рӯз

Дар натиҷаи тақвият бахшидани кор дар мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ давоми се шабонарӯзи гузашта (аз 06 то 10 июн) аз тарафи кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ дар гумонбарӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳои ахлоқӣ ҷамъ 505 нафар фоҳишаҳо ба мақомотҳои корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, аз он ҷумла дар ин давра 12 […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи тақвият бахшидани кор дар мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ давоми се шабонарӯзи гузашта (аз 06 то 10 июн) аз тарафи кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ дар гумонбарӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳои ахлоқӣ ҷамъ 505 нафар фоҳишаҳо ба мақомотҳои корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, аз он ҷумла дар ин давра 12 нафар дар гумонбарӣ ба ҷиноятҳои ахлоқӣ дастрас гардидаанд, ки онҳо 16 ҷиноят содир намудаанд. Зимни амалиётҳои муштарак барои ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷалобӣ (Моддаи 239 КҶ ҶТ) 13 ҷиноят, ҷалб намудан ба фоҳишагӣ (Моддаи 238 КҶ ҶТ) 2 ҷиноят ва барои ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ (Моддаи 241 КҶ ҶТ) 1 ҷиноят ошкор гардидааст.

Инчунин нисбати 26 нафар барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тибқи моддаи 130 КҲМ ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷамъ ба маблағи умумии 3600 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Дар ин муддат барои амалҳои гомосексуалистӣ 3 нафар, барои даллагӣ 39 нафар, барои нигоҳдории фоҳишахона 10 нафар, барои паҳн намудани маводи порнографӣ 1 нафар барои чораандешӣ ба мақомотҳои корҳои дохилӣ дастрас гардида, аз онҳо сурат, изи даст гирифта шуда, аз ташхиси тиббии беморхонаи касалиҳои пуст ва узвҳои таносули ш.Душанбе гузаронида шуданд.

Дар натиҷаи ташхис 450 нафар дорои касалиҳои сирояткунандаи бо алоқаи ҷинсӣ гузаранда муайян шудааст. Чорабинӣ идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми июни соли равон дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи фаврӣ оид ба

пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои ахлоқӣ

, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо баргузор гардид. Вазир доир ба проблемаҳои марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд тамоми шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир карда мешаванд, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон, ба тариқи электронӣ бо расмҳояшон дар қайд гузошта шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.