Афзоиши ҳамасолаи воридоти гандум ба Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми воридоти гандумро ба миқдори 10-20 ҳазор тонна афзуда, соли 2016 ҳаҷми воридоти он метавонад то 700 ҳазор тонна дар як сол расад. Бино ба маълумоти қарори ҳукумат «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», дар соли 2014 ҳаҷми воридоти гандум – 673,2 ҳазор тонна ва орд – 348,8 ҳазор […]

Заррина Эргашева



Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми воридоти гандумро ба миқдори 10-20 ҳазор тонна афзуда, соли 2016 ҳаҷми воридоти он метавонад то 700 ҳазор тонна дар як сол расад.

Бино ба маълумоти қарори ҳукумат «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», дар соли 2014 ҳаҷми воридоти гандум – 673,2 ҳазор тонна ва орд – 348,8 ҳазор тонна (2% бештар нисбат нишондиҳандаи соли гузашта), соли 2015 – 686,7 ҳазор тонна гандум ва 355,8 ҳазор тонна орд ва соли 2016 – 700,4 ҳазор тонна гандум ва 363 ҳазор тонна орд пешбинӣ шудааст.

Дар КВД «Ғалла» ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки афзоиши ҳаҷми воридоти гандум дар солҳои минбаъда бинобар сабаби зиёд шудани талаботи истеъмол ба ин маҳсулот дар натиҷаи зиёд шудани шумори аҳолӣ пешгӯӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 5 моҳи соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 314,5 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29% зиёдтар аст. Дар ин давра ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ 83 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 12% камтар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки арзиши 1 тонна гандуми воридотӣ то марзи Тоҷикистон ба 350 $ ва 1 тонна орд ба 430 $ баробар аст.

«Арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон каме боло рафт. Ин ба он марбут аст, ки ҳосили тирамоҳӣ ба охир мерасад, вале ояндаи наздик ҳосили нав расида, нархо поин мераванд», – зикр карданд дар КВД «Ғалла».

Қобили зикр аст, ки айни замон нархи 1 кило орди аз гандуми маҳаллӣ истеҳсолшуда аз 1,5 то 2 сомонӣ ва воридотӣ то 3 сомониро ташкил медиҳад. Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон гандуму орд ворид мекунад. Талаботи кишвар ба ин маҳсулот ҳамасола 5-10% меафзояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.