Ҳисоботи боз як зумра раисони ноҳияҳои Хатлон ба президент

Субҳи имрӯз дар идомаи сӯҳбатҳои телефонӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда дар самти иҷрои буҷети давлатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз дар идомаи сӯҳбатҳои телефонӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда дар самти иҷрои буҷети давлатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, кишти такрорӣ ва захираи маводи озуқа шунид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти кишвар ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда махсусан доир ба вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави кории иловагӣ супоришҳои мушаххас доданд ва таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ ҳарчи бештар густариш дода шавад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон бо ин Роҳбари давлат аз раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда тақвият додани корҳои ободонӣ, тармиму азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳу марказҳои саломатиро талаб кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.