Пирӯзии Дилшод Назаров дар мусобиқаи «Даъвати Маскав»

Дар мусобиқми байнулмилалӣ оид ба варзиши сабуки «Даъвати Маскав» (Московский вызов) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 79.20 метр пирӯз шуд. Дар ин бора сомонаи www.rusathletics.com хабар медиҳад. Қобили зикр аст, ки мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон низ ба силсилаи мусобиқоти маъруфи IAAF Hammer Throw World Challenge дохил мешавад. Дар ин мусобиқа 12 нафар гурзандозон […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқми байнулмилалӣ оид ба варзиши сабуки «Даъвати Маскав» (Московский вызов) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 79.20 метр пирӯз шуд. Дар ин бора сомонаи


www.rusathletics.com


хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон низ ба силсилаи мусобиқоти маъруфи IAAF Hammer Throw World Challenge дохил мешавад. Дар ин мусобиқа 12 нафар гурзандозон қувваозмоӣ карда, рақобат асосан миёни варзишгари тоҷик ва гурзандози Белорус Павел Кривитский сурат гирифтааст. Дар маротибаи панҷуми партофтани гурз Дилшод Назаров ба ин нишондиҳанда ноил гардида, зинаи аввалро касб кардааст.

Гуфта мешавад, зинаи дуюмро дар мусобиқаи мазкур бо натиҷаи 78.22 Павел Кривитский ва мақоми сеюмро бо нишондиҳандаи 77.03 метр гурзандози рус Денис Лукянов ишғол кардааст.

Пас аз пирӯзӣ дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик изҳор намудааст, ки аз натиҷа қаноатманд буда, барои ноил гардидан ба он омода буд. Дар робита ба нақшаҳои минбаъдааш Дилшод Назаров зикр кардааст, ки бисёр мехоҳад дар Чемпионати Аврупо иштирок кунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.