Дар семоҳаи аввали соли 2014 тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 644 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2013 ба миқдори 35,7 млн. доллари ИМА камтар аст.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми миёнаи интиқоли маблаги пулӣ низ аз 310 $-и семоҳаи аввали соли 2013 то ба 270 $ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ поин рафтааст.
Ба иттилои манбаъ, тамоили коҳиши интиқоли маблагҳои пулӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Қазоқистон) низ ба мушоҳида мерасад.
Масалан, тайи семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон ба Русия 910,4 млн. доллари ИМА маблағ ирсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 млн. доллари ИМА камтар аст. Дар ин давра аз Русия ба Қирғизистон 386,04 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол гардидаааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта ба миқдори 6,2 млн. $ камтар мебошад. Ба Туркманистон 6,5 млн. $ фиристода шуда, дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли пешин 2,2 млн. $ камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин давра тамоили афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли равон аз Русия ба Қазоқистон 93,2 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 5,9 млн. $ бештар аст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Ҳаҷми миёнаи маблағи интиқолшуда дар соли гузашта 351 $-ро ташкил дода буд.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд, 1 млн. 170 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 996 ҳазору 429 нафарашон мардон ва 174 ҳазору 396 нафарашон занон мебошанд.



