Бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 17-уми июн озими шаҳри Маскав мешавад.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар пойтахти Русия дидору гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин, раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Валентина Матвиенко, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.
Ба қавли Султонов, дар доираи ин сафар вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони Донишкадаи заминсозии шаҳри Маскав низ баргузор мешавад, ки раиси МНМО Тоҷикистон худ хатмкунандаи ин муассисаи таълимӣ аст.



