Анҷоми корҳои таъмир дар нерӯгоҳи «Норак» аз ҷониби мутахассисони «Турбоатом»

Мутахассисони ҶСК «Турбоатом» моҳи май корҳои ивазу насби таҷҳизот дар нерӯгоҳи Норак (истгоҳии №3)-ро ба итмом расониданд. Чӣ тавре ки дар сомонаи ҶСК «Турбоатом» иттилоъ дода мешавад, таҷхизоти ғалақа (гидрозатвор)-и курашакл муддати беш аз 40 сол дар нерӯгоҳ кор карда, захираҳои коршоямиаш ба охир расида буданд. Зикр мегардад, ки интиқоли ин таҷҳизот хеле мушкил аст, […]

Заррина Эргашева



Мутахассисони ҶСК «Турбоатом» моҳи май корҳои ивазу насби таҷҳизот дар нерӯгоҳи Норак (истгоҳии №3)-ро ба итмом расониданд.

Чӣ тавре ки дар сомонаи ҶСК «Турбоатом» иттилоъ дода мешавад, таҷхизоти ғалақа (гидрозатвор)-и курашакл муддати беш аз 40 сол дар нерӯгоҳ кор карда, захираҳои коршоямиаш ба охир расида буданд.

Зикр мегардад, ки интиқоли ин таҷҳизот хеле мушкил аст, зеро бори хеле бузургҳаҷм ва вазнаш 600 тоннаву диаметри гузаришаш 4,2 метр мебошад. «Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи корҳо бевосита дар нерӯгоҳ ба иҷро расонида мешаванд. Тамоми корҳои таъмир ним сол идома ёфта, ҳамзамон чархаи кориии гидротурбина низ иваз карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои корхона.

Ба қавли тарроҳ оид ба гидротурбинаҳо Александр Линник, то ҳол касе дар шароити бевосита дар нерӯгоҳ ба ин монанд кореро анҷом надодааст. «Барои мо ин таҷрибаи нахуст ва муваффақ ҳам аст. Ин чорабиниҳо ба беҳбуди эътимонокии истифодаи таҷҳизот равона гардида, бехатарии минбаъдаи фаъолияти нерӯгоҳро таъмин мекунанд», – иброз доштааст номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.