Гумонбарии сокини Суғд ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани навҷавон

Як сокини вилояти Суғд ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани навҷавон гумонбар дониста мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 26-солаи вилоят Х.Х. боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки […]

Мавлуда Рафиева



Як сокини вилояти Суғд ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани навҷавон гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 26-солаи вилоят Х.Х. боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки санаи соати 02-и шаби 13-уми июн Х.Х. ба манзили сокини 41-солаи ҷамоати Ортиқов ворид гардида, писари 17-солаи соҳибманзилро лату кӯб ва ӯро ба бордони автомашинаи тамғаи ВАЗ-2106 маҳкам мекунад. «То аз ҷониби наздиконаш дарёфт шудан, навҷавон дар бордони мошин маҳкам мемонад», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 131, қисми 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.